Қобилҷон Хушвахтзода - президенти АМИТ зимни ифтитоҳи чорабинӣ, тамоми олимони ҷавон ва ҳозиринро харамақдам гуфта, иштирокчиёнро ба муносибати ҷашни 33-юмин солгарди Истиқлоли давлатӣ табрику муборакбод намуда, аз саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушди давлатдорӣ ва таъмини Истиқлолият дар кишвар ёдовар шуд.
Зикр гардид, ки маҳз талош ва заҳматҳои шабонарӯзии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки халқи тоҷик бо ҳам муттаҳид гашта, ба дасовардҳои наззарас ноил бигардад. “Воқеан Истиқлолияти давлатӣ ба он мусоидат намуд, ки рушди босубот дар кишвар таъмин гардад, сатҳи некуаҳволии мардум беҳтар шавад ва натиҷаҳои бузург дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ба даст оварда шаванд” - иброз дошт, Қобилҷон Хушвахтзода Президенти АМИТ.
Дар чорабинии мазкур аз тарафи Президенти АМИТ ва намояндагони дигар вазорату идораҳо ба як қатор кормандону олимон ифтихорномаву сипосномаҳо тақдим карда шуд.
Аз ҷумла Илҳом Мирсаидзода –директори Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии АМИТ бо медали “Ҳамкорӣ дар соҳаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ”, бахшида ба 33-юмин солгарди ҷашни Истиқлоли давлатӣ аз тарафи намояндаи Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон давлатӣ сарфароз гардонида шуд.
Ҳамзамон корманди Агентӣ Сайдуллозода Рисолат бо Ифтихорномаи АМИТ сарфароз гардонида шуд.
Дар интиҳои чорабинӣ як зумра ҳунармандони шинохтаи кишвар бо сурудҳои дилнишини худ хотири иштирокчиён ва меҳмоноро болида гардониданд.