Воқеан, чунин таъкидҳои пайвастаи Пешвои миллат шаҳодат аз он медиҳанд, ки мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм вазифаи танҳо хадамоти махсус ва давлатҳои алоҳида набуда, балки вазифаи тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ мёбошад. Аммо новбаста аз ин Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сафи пеши мубориза бар зидди терроризм ва эктремизм қарор дошта, онро ҳамчун вазифаи муҳимтарини таъмини амнияти миллии худ ва ҷаҳон медонад
Ба таъкиди олимону донишмандон, вобаста ба пешгирӣ намудани чунин зуҳуроти номатлуби ҷомеа, бояд корҳои таълимию тарбиявӣ ва ташвиқотӣ, шуруъ аз оила то мактабу дигар ташкилоту муассиса ва идораҳои ҷамъиятӣ пурзӯр карда шаванд, зеро шароити ҷаҳони имрӯз тақозо мекунад, ки бештару беҳтар ба масъали баланд бардоштани таълиму тарбия ва бедории ҳисси миллию дарки хештаншиносӣ аҳамияти ҷиддӣ додан лозим аст. Ҳарчанд мафҳуми «терроризм» имрӯз дар фаҳмиши мардум бо шаклҳои гуногун шарҳу баён дода мешавад, аммо маънои асосӣ ва моҳияти он даҳшатафканӣ буда, муқобили зиндагии осоиштаи мардум аст, ки бо дигар мафҳумҳои номатлуб ба монанди «террор», «фаъолияти террористӣ» ва «ҳаракати террористӣ» алоқамандӣ дорад.