АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН
АГЕНТИИ АМНИЯТИ ХИМИЯВӢ, БИОЛОГӢ, РАДИАТСИОНӢ ВА ЯДРОӢ
МАҚОМИ ТАНЗИМГАРИ ДАВЛАТӢ
E-mail Воридоти иштибоҳ!
Парол Пинҳон кардан Хатогӣ!
E-mail Здесь сообщение об ошибке!
Рамз Скрыть Здесь сообщение об ошибке!
Панҷшанбе, 28 ноябри cоли 2024
Саволи мустақим ба Директор
Конференсияи 10-уми илмии ҷумҳуриявии «Саҳми занон дар рушди илми муосир»
21 феврали соли 2024 дар Маркази таълимии минтақавии Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии назди Академияи миллии илмњои Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи байналмилалии занон ва духтарон дар соҳаи илм Конференсияи X илмӣ-ҷумҳуриявии «Саҳми занон дар рушди илми муосир» баргузор гардид. Конференсияи мазкур дар доираи «Бистсолагии омӯзиш ва рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф барои солҳои 2020-2040» баргузор гардид.
Акс: Бахши милии “Хонуми ядроӣ”
Конфреренсия илмӣ-ҷумҳуриявӣ бо ташаббуси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо дастгирии Агентии амнияти ХБРЯ ва Бахши миллии «Хонуми ядроӣ» ташкил карда шуд.
Дар кори конференсия муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои техникӣ Мансурӣ Дилрабо, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддинзода Бунафша, вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Саториён Матлубахон, Президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонони Ҷумҳурии Тоҷикистон Содиќї Насиба ва муовини раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Хайринисо Юсуфӣ иштирок доштанд.
Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддинзода Бунафша бо сухани ифтитоҳӣ доир ба нақши занон дар рушду такмили илм, фаъолияти занони тоҷик баромад намуда ба дастовардҳои занон дар соҳаҳои мухталифи илмӣ-амалӣ баҳои баланд доданд.
Зимни суханронӣ муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Мансурӣ Дилрабо дар баромади худ нақши муҳими занону духтаронро дар пешрафти илми муосири тоҷик қайд намуд. Ҳамчунин дар баромади худ қайд намуданд, ки бонувони олими тоҷик бо истифода аз усулу технологияҳои пешқадами тадқиқотҳои илмӣ-амалӣ пайваста барои баланд бардоштани сатҳи дониши худ саъю кӯшиш менамоянд ва тамоми нерӯи худро барои баланд бардоштани нуфузи илми тоҷик сарф менамоянд.
Дар идомаи кори конференсия Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт баромад намуда, қайд кард, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ маҳз бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷой ва мақоми занон дар ҷомеа баланд гардид ва дар баромади худ оиди Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои беҳтар намудани вазъи занон дар ҷомеа», «Дар бораи кафолатҳои давлатии ҳуқуқҳои баробари мардон ва занон ва имкониятҳои баробари татбиқи онҳо»; Нақшаи миллии “Тадбирҳои баланд бардоштани мақом ва нақши занон”; Барномаи давлатии «Самтҳои асосии сиёсати давлатӣ оид ба таъмини ҳуқуқу имкониятҳои баробари мардону занон», «Таълим, интихоб ва аз ҳисоби занону духтарони соҳибистеъдод ҷо ба ҷо гузоштани кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Точикистон» қайд намуданд.
Дар ҷаласаи пленарӣ доктори илмҳои техникӣ, профессор Ғайбуллоева Зумрат Ҳабибовна, аъзои Бахши миллии «Хонуми ядроӣ» баромад намуд. Дар баромад дар бораи фаъолияти «Хонуми ядроӣ» муфассал сухан ронда, самтњои асосии кориро қайд намуд:
-фароҳам овардани шароити мусоид барои иштироки фаъолонаи занон дар илм, фарҳанг ва фаъолияти ҷамъиятӣ; - таҳким намудани мавқеъи занон дар ҷомеа; - мусоидат ба занони соҳибкасб дар фаъолият ва пешравии мансабӣ; - мусоидат ба табодули дониш ва таҷриба; - ташвиқ намудани шавқу рағбат ба илм, аз ҷумла технологияи ядрої, бехатарии ядроӣ ва радиатсионӣ ва ғайра, махсусан дар байни занон ва ҷавонон; -хамкорӣ бо дигар ташкилотҳои илмӣ, фарҳангӣ ва ҷамъиятӣ; - таҳкими ҳувияти миллӣ ва маънавӣ; - дастгирии занон-олимон ба воситаи ахбори омма;
Ғайбуллоева З.Ҳ ҳамчунин дар баромади худ доир ба муҳимтарин рӯйдодҳои Бахши миллии «Хонуми ядроӣ», аз ҷумла Конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии «Нақши занони олим дар рушди илм, инноватсия ва технология», озмунҳои ҳарсолаи таомҳои миллӣ «Дастархонӣ миллӣ» ва озмуни иншои ҷавондухтарон дар мавзӯи “Роҳбарии занони Тоҷикистон дар касбҳои илмию техникӣ” суханронӣ намуд. Дар рафти баромад оиди сафари иштирокчиёни Бахши миллии «Хонуми ядроӣ» ба корхонаи истеҳсолии ҶСК «АЗОТ» ва нерӯгоҳи барқи обии «Сарбанд»-и шаҳри Леваканди вилояти Хатлон гуфта гузашт. Махсусан, қайд карда шуд, ки кори Бахши милии “Хонуми ядроӣ” барои ҷалби ҷавондухтарон ба илм аҳамияти калон дорад ва он барои коҳиш додани фарқияти гендерӣ дар ин соҳа кӯмак мекунад ва баробарии имкониятҳоро барои ҳамаи олимон фароҳам меорад. Ҷалби ҷавондухтарон ба илм як қадами муҳими пешрафт ва навоварӣ дар тањқиқотҳои илмӣ буда, фароҳам овардани имкониятҳои баробар барои ҳамаи олимон ба рушди кулли ҷомеа мусоидат мекунад.
Конференсияи илмӣ-ҷумҳуриявӣ дар се бахш: ҷаласаи пленарӣ, бахши илмҳои ҷомеашиносӣ ва бахши илмҳои дақиқ ҷараён гирифта, дар он дастоварду муваффақиятҳо ва пажӯҳишу ихтироотҳои илмии олимаҳои тоҷик муаррифӣ гардид.
Дар кори конференсия намояндагони вазорату идораҳо, занону бонувони олимаву ихтироъкор, аспирантону магистрон, устодону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии кишвар беш аз 100 нафар фаъолона иштирок намуданд.
Бешубҳа, гузаронидани чунин конфронсҳои илмӣ барои олимони ҷавон, аспирантҳо ва магистрҳо заминаҳои нави илмӣ фароҳам оварда, шумораи зиёди ҷавондухтаронро ба корҳои илмӣ-тадқиқотӣ роҳнамоӣ мекунад.
Дар ҷамъбасти кори конференсияи илмӣ-ҷумҳуриявӣ бо дарназардошти саҳми арзандаи олимаҳову ихтироъкорон дар рушди илми муосир ва муаррифии дастовардҳои илми тоҷик дар сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ як қатор занону бонувони соҳаи илму ихтироот бо Ифтихорномаи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз карда шуданд.
Суроға: 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 33
Рақами телефон: +992 37 227 83 83
Почтаи электронӣ: [email protected]
Таҳия ва тасдиқи санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ
Иҷозатномадиҳӣ
Санҷиш
Чораҳои маҷбуркунӣ
Идоракунии сифат
Омӯзиши мутахассисон
Омодагӣ ба ҳолатҳои садамавӣ ва эътино ба он
Муассисаи хизматрасонии техникӣ
Ҳамоҳангсозӣ ва ҳамкорӣ дар сатҳи миллӣ
Ҳамкориҳои байналмилалӣ