Озмоишгоҳ аз ҳуҷраҳои санҷиши бемориҳои сироятӣ ва зоонозҳо бо истифода аз усулҳои анъанавӣ ва муосир (ELISA, real time RT-PCR), ҳуҷраҳои ҷудосозии бактерияҳо ва вирусҳо иборат мебошад.
Дар доираи лоиҳа 5 нафар мутахассисони ҷавони институт дар Македонияи Шимолӣ ва 1 нафар дар Австрия таҷрибаомӯзӣ гузашта, баъди такмили ихтисос ва омӯзиши навгониҳои илми тибби ветеринарӣ дар раванди фаъолият дар Институти тибби ветеринарӣ бо истифода аз таҷҳизоту технологияҳои нав бемориҳои сироятии ҳайвонот, аз он ҷумла зоонозҳоро ташхис мегузаронанд.
Яке аз натиҷаҳои ниҳоии амалисозии лоиҳа мутобиқгардонии озмоишгоҳҳои Институти тибби ветеринарӣ ба меъёрҳои байналмилалӣ, аз он ҷумла ба стандарти ISO17025 мебошад, ки иқтидори зеҳнӣ ва техникии муассисаи илмиро ҳамқадами пажуҳишгоҳҳои муосири пешқадам мегардонад.
Мусаллам аст, ки таҷҳизоти дастрасшуда барои мониторинги бемориҳои сироятӣ, бахусус зоонозҳо ва зери назорат гирифтани вазъи эпизоотӣ дар байни ҳайвоноти хонагӣ ва ваҳшӣ самараи хуб ба бор меорад.
Итминони комил аст, ки зери сиёсати маорифпарварона ва хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон минбаъд низ олимони Институти тибби ветеринарии академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон бо амалисозии лоиҳаҳои илмӣ – техникии муштарак дар ҳамкорӣ бо Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии АМИТ, пажуҳишгоҳҳои ватаниву хориҷӣ навгониҳо ва дастовардҳои илми тибби ветеринариро бо истеҳсолот пайванди қавӣ дода, дар амалисозии ҳадафи стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми босазо мегузоранд.