АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН
АГЕНТИИ АМНИЯТИ ХИМИЯВӢ, БИОЛОГӢ, РАДИАТСИОНӢ ВА ЯДРОӢ
МАҚОМИ ТАНЗИМГАРИ ДАВЛАТӢ
E-mail Воридоти иштибоҳ!
Парол Пинҳон кардан Хатогӣ!
E-mail Здесь сообщение об ошибке!
Рамз Скрыть Здесь сообщение об ошибке!
Якшанбе, 01 декабри cоли 2024
Саволи мустақим ба Директор
НАТИҶАГИРИИ ФАЪОЛИЯТ ДАР СОЛИ 2020 ДАР МАҶЛИСИ ҲИСОБОТИИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ИБТИДОИИ «ХИРАДМАНДОН»
Бо иштироки Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Мирзозода Иброҳим, Мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ Ҳамидиён Илҳомҷон, Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур Гулаҳмадзода Зулфиқор ва Раҳимӣ Фарҳод - раиси кумитаи иҷроияи ибтидоии “Хирадмандон” маҷлиси ҷамъбастии ҳисоботӣ оид ба натиҷагирӣ аз фаъолияти ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ дар соли 2020 баргузор гардид.
Сараввал Фарҳод Раҳимӣ–раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии «Хирадмандон» оид ба фаъолияти кумитаи иҷроияи ибтидоии “Хирадмандон” дар соли сипаригардидаи 2020 фишурда ҳисобот дод.
Сипас Мирзозода Иброҳим - Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе ба сухан баромада афзуд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолии кишвар ҳамчун нерӯи сиёсӣ бо диду назари нав ба саҳнаи сиёсат омад ва дар муддати начандони тӯлонӣ дар ҷомеа нуфузу ҷойгоҳи арзандаро соҳиб гашта, аз оғози таъсисёбии худ то имрӯз дар пешрафти кишвари азизамон нақши сазовор гузошта истодааст.
Бо талошҳои пайгиронаи Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳама самтҳои хоҷагии мамлакат рушд ёфта, мардуми шарифи кишвар ба зиндагии шоиста расид. Дар соҳаи илму техника ва фановарӣ пешравиҳои назаррас бараъло ҳуввайдост. Дар тарғиби идеологияи миллӣ ҲХДТ нақши бориз дорад. Дар ин радиф аз ҳар як шаҳрванди ватандӯсти ин сарзамин, бахусус, ҳар як узви Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон тақозо мегардад, ки амалӣ намудани ҳадафу ормонҳои ба фардои неки давлат ва халқи тоҷик нигаронидашударо самимонаву аз дил ҷонибдорӣ ва амалӣ намояд.
Ҳамидиён Илҳомҷон- Мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ аснои суханронии худ иброз намуд, ки ҲХДТ дар тарбияи шахсияти худшиносу ватандӯст, дорои масъулияти баланди итҷимоӣ, соҳиби донишу ҷаҳонбинии муосир ва ба камол расонидани фардеро, ки равандҳои мураккаби ҷаҳони имрӯзаро дошта бошад, саҳми назаррас дорад. Инчунин, оид ба масъалаҳои набзи ҷомеа, баланд бардоштани мавқеъ ва нуфузи ҲХДТ дар ҷомеаи кишвар, омодагӣ ба маъракаҳои муҳими сиёсии дар пешистода, сазовор ҷашн гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва амсоли ин мавзӯҳо суханронӣ намуданд. Бобати масъалаҳои дохилиҳизбӣ, тақвият бахшидани фаъолияти ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ва баланд бардоштани нуфузи ҳизб дар ҷомеа дастуру ҳидоятҳо дода шуд.
Дар маҷлис як қатор фаъолони ҳизб, аз ҷумла, директори Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии АМИТ Илҳом Мирсаидзода, бо «Ифтихорнома» ва «Сипоснома»-ҳо сарфароз гардонида шуданд.
Суроға: 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 33
Рақами телефон: +992 37 227 83 83
Почтаи электронӣ: [email protected]
Таҳия ва тасдиқи санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ
Иҷозатномадиҳӣ
Санҷиш
Чораҳои маҷбуркунӣ
Идоракунии сифат
Омӯзиши мутахассисон
Омодагӣ ба ҳолатҳои садамавӣ ва эътино ба он
Муассисаи хизматрасонии техникӣ
Ҳамоҳангсозӣ ва ҳамкорӣ дар сатҳи миллӣ
Ҳамкориҳои байналмилалӣ